САҒОНАҲО

Сағонаҳо дар канори шимолу ғарбии деҳаи Қурбоншаҳид воқеъ мебошад. Онҳо канори зинаи соҳили рости рӯди Сурхобро, ки дар фарози водӣ аст, ишғол кардаанд. Сағонаи якум шакли байзавӣ дошта, андозааш 4 х 6 м мебошад. Боми сағона гумбазшакл буда, фаршаш аз хишти пухта сохта шудааст, аз ду тараф дорои суффа мебошад. Сағонаи дуввум шакли мудаввар дошта, қутри он 3 м ва баландиаш 2 м аст. Ҳарду сағона аз хишти пухта сохта шудаанд. Сағонагузории муқадамотӣ: ба асрҳои XI-XII мансуб аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top