Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ободу зебо гардонидани ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва гиромидошти хотираи шахсияти барҷаста дар ҳудуди ёдгории меъмории Мир Сайид Ҷалолиддини Гулдаста, дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонии гирду атрофи он баргузор гардид.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки сокинони фаъоли ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷамоат ва ҷавонон доир гардида, дар рафти он садҳо бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуданд. Иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд.







