КОРҲОИ  ОБОДОНӢ ДАР ДАЙРИ  БУДДОИИ АҶИНАТЕППА

Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар ин замина, дар ҳудуди ёдгории таърихию фарҳангии дайри буддоии Аҷинатеппа корҳои ободонию поккорӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, гирду атроф ва дохили ёдгорӣ тозаю озода гардида, барои беҳтар намудани ҳолати нигоҳдорӣ ва зебо гардонидани муҳити атрофи он тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ин тадбирҳо барои боз ҳам беҳтар кардани қабули гардишгарони дохилию хориҷӣ судманд мебошанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top