Мадраса дар шаҳри Конибодом воқеъ буда, он аз хишти пухта сохта шудааст. Дар пештоқи мадраса манораҳо ҷойгир шудаанд, ки аз боми он баландтаранд. Тақрибан нисфи масоҳати ҳавлиро айвони даҳсутунии шашравоқаи тобистонӣ, ки солҳои 1916-1917 бино шудааст, ишғол мекунад. Андозаи мадраса 45м х 50м буда, он дар қарни XVII (солҳои 1659-1660) бунёд гардидааст.



