Вобаста ба иҷрои супориши директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ш. Р. дар “Пойгоҳи бостоншиносии Тегузак” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар ин маърака аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” беш аз 200 адад ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.






