КАБУДИЗОРКУНИИ ҲУДУДИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Семоҳаи ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардид.

Иқдоми мазкурро мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дигар сохторҳои марбута ҷонибдорӣ намуда, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Леваканд, Панҷ, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ,  Вахш, Данғара, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Ховалинг 1569 дарахтони сояафкан ва 3792 гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Симпозиуми байналмилалии “Хутали қадим – пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар дидан мекунанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top