Мақбараи орифи шаҳири асри ХIV Абдуллои Валӣ дар маркази деҳаи Ревад ҷойгир буда, он аз айвон ва гӯрхона иборат аст. Дар назди оромгоҳ масҷиди Абдуллои Валӣ амал мекунад, ки бо санъати хосаи ороиши сохта шудааст. Мақбара ва масҷид мансуби асри ХIХ мебошанд.



