Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” баргузор гардид.
Чорабиниро директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки тибқи азнавбақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 дар кишвар беш аз 3500 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи миллӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин раванд омода намудани Феҳристи ёдгоирҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз ҷониби коршиносони Агентӣ идома дошта, тибқи муқаррарот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод гардид.
Прокурори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Назирмадзода Ф. дар мизи мудаввар дар мавзӯи «Риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» баромади пурмуҳтаво намуда, изҳор намуданд, ки Ҷаҳонишавии таъриху фарҳангҳо дар худ талаботи бозбинии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавиро аз мутахассисони соҳа талаб менамояд.
Ҳамчунин мавсуф ибрози андеша намуданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо ва чорабиниҳо бо иштироки кормандони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва қонунгузорӣ, гумрук ва макомотҳои марбутаи соҳавӣ дар таҳкими соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллӣ мавқеи назаррас дорад.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар, такмили малакаи касбии кормандон дар ҳошияи соли 2026 эълон гардидани “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” мебошад.




