Ҳар як қонун дар давлат бо ҳадафе ба тасвиб мерасад. Он натиҷаи талаботи ҷомеа ва сиёсати пешгрифтаи ҳокимият мебошад. Амалӣ гардидани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба манфиати мардум нигаронида мешавад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба 8.06.2007№272 рост меояд, бо дарназардошти сатҳи зиндагӣ ва муносибати мардум ба урфу одат, ҷашнҳо , рушди ҷомеаи Тоҷикистон тағйир ёфт.Ин иловаҳо солҳои 2008, 2010, 2017 ва 2021 ворид карда шуданд. Қонуни мазкур анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони кишвар равона карда шудааст .
Қонун аз 4 боб ва 16 модда иборат буда, муқаррарроти он ҳамаи паҳлуҳои тарзи гузаронидани маросимҳо, ҷашнҳои миллӣ, ташкили комиссияҳои маҳаллӣ, масъулияти муассисаҳои хизматрасонӣ, уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар баргузории тӯю маъракаҳо, маросимҳои диниро фаро мегирад.
Дар моддаи якуми Қонун мақсади асосӣ “ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон , муосидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд” муайян гардидааст.
Такмили Қонуни нишон дод, ки танзими ҷашну маросимҳо, тағйир додани афкори мардум нисбати ин масъала кори мураккаб аст.Зеро мардум ба риояи ин расму оийн чун анъанаи меросии гузаштагон, уҳдадориҳои эътиқодии худ менигаранд. Таъсир гузоштан ба эҳсосоти миллӣ ва динии инсон муносибати эҳтиёткоронаро талаб менамояд.Бо гузашти давраи муайяни вақт, эҳсос кардани манфиати қонун мардум онро ҷонибдорӣ мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”маҳз чунин қонунест, ки мардум онро пазируфтанд.
Воқеан, ин дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва имкон дод, ки мо ба решаҳои фарҳангӣ ва маънавии худ таваҷҷуҳ кунем, хурофотро аз асли ислом фарқ гузорем, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дурандешона зимни муҳокимаи қонун таъкид карда буданд:”Қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба Амалҳое даст мезанад, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад”.
Баъди даҳ соли қабули Қонуни мазкури Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати амалӣ шудани онро чунин шарҳ дода буданд, ки “бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусуияти ифротӣва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии занон торафт қувват гирифта,таассубу зиёдаравӣ ҳангомии баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд”.
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонида, буҷаи оилаҳо барои беҳтар кардани шароити зист, таҳсилу тарбияи фарзандон, сарфакорӣ дар гузаронидани маросимҳо, риояи вақти ҷудошуда ва шумораи даъватшудагон мушоҳида мешавад. Тайи 16 сол аз тарафи аксарияти мардум дастгирӣ ёфтани Қонун , кам гардидани маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот , баланд шудани масъулият барои риояи он ба зиндагии одамон сабукӣ дод.
Дарки он, ки сарфаю сариштакорӣ роҳи беҳтарини рӯзгордорист, бояд дар зеҳни ҳар як инсоне, ки ба қадри меҳнат, ба даст овардани маблағ мерасад, тасмими муҳим бошад.
Ниёгони мо ҳамеша инро таъкид кардаанд. Адиб ва донишманди классики мо Унсурмаолии Кайковус дар “Қобуснома” ба фарзандаш чунин муроҷиат кардааст: “Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хӯрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард.Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад”.
Дар китоби Қуръони карим низ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос дода шудааст. Дар ояти 31-уми сураи “Аъроф” чунин омадааст:”Ва бихӯреду биошомед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад.” Дар ҳадисе, ки Шуъайб аз Пайғамбар (с) овардааст , гуфта мешавад:”Бихӯред, садақа кунед ва бинӯшед, бидуни исроф ва зиёдаравӣ накунед.”
Олимону мутафаккирони ҷаҳонӣ низ хароҷоти беҳударо танқид намуда, сарфи онро ба мақсадҳои неку савоб беҳтар донистаанд.
Файласуфи фаронсавӣ Жан Жак Руссо хеле бамаврид қайд кардааст:”Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле –хеле кам ва ё умуман вуҷуд надошта бошад.Зеро карру фарри зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рӯйи зарурар пайдо шуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро , якеро ба дороӣ ва дигарро бо нафсу ҳасудаш фосиқ , бадахлоқ ва вайрон мекунад.”
Мо дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона зиндагӣ мекунем, ки манфиати иҷтимоии мардум нишонаи асосии он мебошад. Дар амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”ҳар як шаҳрванд масъулият дорад. Аммо табақаи зиёиӣ ,мансабдорон бояд бо ибрати шахсӣ ба халқ намуна бошанд, то татбиқи Қонун дуруст ба роҳ монда шавад. Маълум аст, ки дар ин самт ҳиссаи занону духтарон бештар таъсиргузор буда, тамоми раванди омодагӣ ва гузаронидани маросимҳо ба онҳо вогузор мешавад. Оростани дастархон, хариди ҷиҳоз бе маслиҳату тавсияи бонувон нест. Мутаассифона, дар байни мусобиқаи носолими дастурхонороӣ, додугирифти байни қудоҳо, харидорӣ кардани ҷиҳози арӯсиву домодии гаронбаҳо, гузаронидани русуми динии манъшудаи мушкилкушову бибисешанбе, пешвозгириву зиёфатороии ҳоҷиён ба назар мерасад. Тақлиди духтарон ба пӯшидани, либоси аврупоиву арабӣ ва туркии арӯсӣ , ки иҷораи он аз 1то 5-6 ҳазор сомон меистад, мушкили ҳар оила шудааст. Пардохти он боиси баҳси ду оилаи ҷавонон, ҳатто вайрон шудани муносибати навхонадорон ва пошхӯрии оила мегардад. Пофишорӣ кардани домодҳои навбаромад бо пайравӣ ба фарҳанги ғайр , надонистани муҳтавои либоспӯшии занон , маҷбур кардани арӯсон ба сатру ҳиҷоб аз маърифати баланди миллӣ нест. Анъана ва маросимҳои тоҷикии мо аз қарни асрҳо аз насл ба насл гузашта, имрӯз дар даврони Истиқлол эҳё шудааст. Ҳолатҳои ҷаримабандии шаҳрвандон барои вайрон кардани Қонуни танзим ҳоло ҳам ҷой дорад. Фаъолона бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа,ба хусус ҷавонон, ибрати оилаҳои намунавӣ, ташкили озмунҳои ҳунарҳои мардумӣ, чакану атлас, таомҳои миллӣ ба амалӣ шудани Қонун мусоидат мекунанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шахсони саховатпеша ба ҷойи маъракаҳои серхароҷот барои ободии кӯча, маҳалла ва шаҳру ноҳияи худ дар арафаи идҳои миллии Наврӯз, идҳои Рамазону Қурбон иқдом мекунанд,ки хатнасури кӯдакони ятиму оилаҳои камбизоат , ақди никоҳи ҷавононро гузаронанд. Сохтани мактабу муассисаҳои томактабӣ,кӯпрук, таъмири роҳ, гузаронидани хатти об ва иншоотҳои дигари иҷтимоӣ аз пасандози фаъолияти меҳнатӣ ва барои ҳаҷ ҷамъшуда аз ҳисси ватандориву бунёдкории онҳо шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамаи вохӯриҳову суханрониҳояшон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон таваҷҷуҳ намуда, фаъол будани онҳоро дар дастгирии сиёсати давлат , сулҳу субот ва ободии Тоҷикистон таъкид менамоянд. Аз ҷумла дар Паём омадааст : “мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.”
Баланд кардани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби бонувон ба корҳои роҳбарӣ, таъсиси квотаҳо ва грантҳои президентӣ , ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ воқеияти ҳаёти занони Тоҷикистон мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикӣ зан, кадбонуи хонадон сариштакор ва нигаҳдорандаи хазинаи оила ба ҳисоб меравад. Ин муносибат оиларо аз камбизоатӣ, карздорӣ ва мушкилоти равонӣ эмин медорад. Мусоидати зан ба фазои хуби оила аз донишу фаҳмиш, ҳунар, маҳорату малакаҳои рӯзгордории вай вобаста аст.
Дастурҳои Пешвои миллат дар роҳандозӣ кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пеш аз ҳама ба занон иртибот мегирад., ки гуфтаанд, ки :”бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинаҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ,иҷтимоӣ,иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем.Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои муосидат намудан ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад. ”
Дар ин кори хеле муҳими ҷомеа занону духтарон мавқеи асосӣ доранд. Модарон дар тарбияи фарзандон, муносибати ҳамсар ба гузаронидани маросимҳои оилавӣ таъсир гузошта метавонанд. Ин ба пайравии занони дигар низ боис шуда, ҳамовозии тамоми бонувонро ба вуҷуд меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «… то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Дарвоқеъ, дар замони бархӯрди тамаддунҳо, таъсири фарҳангҳо ва интернет нигаҳ доштани асолати миллӣ масъулияти бештар мехоҳад.Шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон дар даврони Истиқлол хеле боло рафта, имконияти рушди хоҷагии халқ дар кишоварзӣ , саноат ба сатҳи зиндагии имрӯзаи сокинони мамлакат таъсири мусбат расонидааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки даромади оила барои сарфҳои беҳудаи маросимҳо харҷ шавад. Амалӣ шудани Қонуни танзим танҳо ба манфиати мардум буда, ҳаётро рангинтар менамояд, барои дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои муҳимтар роҳнамоӣ мекунад.
Љобирзода З. Э. – Шахси масъул вобаста ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Агентї.


