Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе  меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»

 Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон Шералӣ Хоҷазода ва муовинони директори Агентӣ дар Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» иштирок намуданд.

Форум бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.

Дар форум намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top