Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии мамлакат чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба истифода дода мешавад.
Пойгоҳҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии шаҳрҳои Ҳисору Истаравшан ва ноҳияҳои Данғараю Қубодиён ба истифода дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ду пойгоҳи бостоншиносӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ду пойгоҳ аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст сохта шуда, ба омӯзиши таърихи куҳан, ҳифзи мероси моддӣ, тамаддун ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Таъсиси ин марказҳо ба таҳкими ҳуввияти миллӣ тавассути омӯзиши амиқи асли миллати тоҷик, ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамзамон татбиқ ва риояи ҳатмии қонунгузории соҳавӣ равона гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардида, ин раванд ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ҳамин аст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки лоиҳаи “Қонун дар бораи бостоншиносӣ” таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки амалӣ намудани чунин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳангӣ беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон мегардад.
Мероси таърихию фарҳангӣ барои миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун шиносномаи миллат ва нуфузи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар пойдории забони миллат, давлат ва ҳуввияти миллӣ пойгоҳи асосӣ ба шумор меравад.



