МАДРАСАИ ОЙИМ

Мадрасаи Ойим дар қисми шимолу шарқии шаҳри Конибодом воқеъ буда, иншооти росткунҷашакли дорои ҳавлии дарунии маҳдуд мебошад. Бино ба тарафҳои олам нигаронида  шуда, тӯли намои шимолӣ 36,5м, намои ғарбӣ 39,5м ва масоҳати ҳавлии он 17 х 20,5м аст. Девораҳои мадраса аз хишти пухта сохта шудаанд. Ба ҷониби шарқии мадраса пешайвони давраҳои баъдина пайваста сохта шуда, тули он 10 м ва арзаш 6 м аст. Мадраса аз ҳисоби маблағи хайрияи як нафар зани сокини шаҳр соли 1244 ҳ.ш. (1824-25)бунёд шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top