ҲАММОМИ КӮҲНАИ ШАҲРИ ХУҶАНД

Ҳаммом дар маркази шаҳр дар назди бозори Панҷшанбе воқеъ гардидааст. Аз рӯйи нақша он ба ҳаммомҳои асримиёнагӣ шабоҳат дошта, онро заминдор ва тоҷири маҳаллӣ Мулло Шамсибой сохтааст. Ҳаммом мулки вақфи мадрасаи ҳамноми он ҳисоб мешуд, ки дар маҳаллаи Тупидӯзон воқеъ  буд. Ҳаммом  аз  хишти пухта сохта шуда, аз толорҳои шашгунбадӣ ва ҳуҷраи хурди фаръи иборат мебошад. Дар миёнаи қарни XIX сохта шуда андозаи умумии он 30х 35 м аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top