
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва бо мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мамлакат дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар машғулияти омӯзишӣ мутахассисони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва танзими имзои электрониро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» шарҳ доданд.
Директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст. Зеро ёдгориҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд.
Ходими калони илмии шуъбаи илм, инноватсия, муносибатҳои байналмилалӣ ва табъу нашри Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Дилором Ҳамидова иброз намуд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ имконияти нав фароҳам меорад.
Технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки сабти рақамӣ, назорат ва барқарорсозии ёдгориҳо ба таври мушаххас ва дақиқ анҷом дода шавад. Ин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мероси ғании фарҳангӣ ва хатарҳои табиии он махсусан муҳим аст.
Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО, ҳоло дар саросари ҷаҳон қариб 1200 ёдгории мероси ҷаҳонӣ мавҷуд мебошад. Онҳо ба се категория тақсим мешаванд: фарҳангӣ (беш аз 900 адад), табиӣ (беш аз 200 адад) ва омехта (беш аз 30 адад). Ин ёдгориҳо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ҷойгир шуда, барои тамоми инсоният арзиши барҷастаро ифода мекунанд.
Ҳоло зеҳни сунъӣ ба яке аз равандҳои муҳимтарини рушди илму технология табдил ёфта, истифодаи самараноки он метавонад дар бисёр соҳаҳо, махсусан дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ раванди корро самараноктар гардонад.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (16 декабри соли 2025) барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»


