БОШГОҲИ ЧАРМГАРОН

Бошгоҳи Чармгарон, ки ба давраи неолит мансуб аст, дар маркази шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди маҷмааи Сомониён воқеъ гаштааст. Бошгоҳ дар навори дуввуми 15 – метри соҳили чапи дарёи Кӯлоб ҷойгир шудааст. Масоҳати бошгоҳ ба 1.5 га. тахмин зада мешавад. Олоти дар инҷо бозёфтшуда имкон медиҳанд ҳадс занем, ки ин маҷмаа ба фарҳанги неолитии Ҳисор шомил аст. Санагузорӣ: ҳазораи V – IV пеш аз милод.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top