ОМОДАГӢ БА ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.

    Дар Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» омодагӣ ба Ҳамоиши байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ», ки рузҳои 10-14 моҳи майи соли равон баргузор мегардад,   идома дорад. Ин ҳамоиш бо мақсади омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанги бостонии Хуталон, нақши он дар ташаккули забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни минтақа нигаронида шудааст.

    Дар доираи ин омодагиҳо корҳои ободонӣ, тартиб додани барномаҳои илмию фарҳангӣ, омода намудани толорҳои намоишӣ ва қабули меҳмонони дохиливу хориҷӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар ҳамоиши мазкур  олимон, муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи таърих, бостоншиносӣ, забоншиносони ватанӣ  ва кишварҳои гуногун иштирок менамоянд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top