ШАҲРАКИ  САРАЗМ

Ёдгории давраи энеолотии Саразм дар  12 км қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Масоҳати умумии он 90 га – ро ташкил медиҳад. Он аввалин ёдгории мардуми зироаткори Осиёи Марказӣ мебошад. Хонаҳо асосан аз хишти хом сохта шудаанд. Ҳаёт дар маскангоҳ  ба чор давра ҷудо гашта, аз миёни ҳазорсолаи IV то милод то ҳазорсолаи II то милодро дар бар мегирад. Шаҳрак соли 2010  аз ҷониби UNESCO ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шудааст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top