Мақбараи шахсияти шинохтаи тасаввуф Мавлоно Юсуфи Чархӣ дар қисмати ғарбии деҳаи Чиртаки Шаҳри Ваҳдат дохили қабристон ҷой гирифтааст. Он шакли сағонаро дошта, аз хишти пухта сохта шудааст. Масоҳаташ 4,2х3м бо баландии 2,5 м мебошад. Сағона мансуби асрҳои XIV – XV буда, соли 2004 дар болои он мақбара бино карда шуд.



