ТАРМИМУ БАРҚАРОРСОЗИИ ҚАЛЪАИ МУМИНОБОД ИДОМА ДОРАД

Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд.

Дар ҳамин замина, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иҷрои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи миллии тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» корҳои тармиму барқарорсозии Қалъаи Муминобод идома доранд.

Корҳои тармиму барқарорсозӣ мутобиқ ба талаботи илмиву меъморӣ ва бо риояи меъёрҳои ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар раванди иҷрои корҳо усулҳои муосири тармим бо назардошти хусусиятҳои таърихиву меъмории ёдгорӣ истифода гардида, ба ҳифзи арзиши аслии он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Интизор меравад, ки анҷоми корҳои тармиму барқарорсозӣ дар нигоҳдорӣ ва муаррифии беҳтари Қалъаи Муминобод, ҳамчун яке аз ёдгориҳои арзишманди таърихию фарҳангии мамлакат, саҳми назаррас гузошта, барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз таъриху тамаддуни тоҷикон заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳифз ва эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллат ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top