Previous Шанбегии дастаҷамъона дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан». Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан» шанбегии дастаҷамъонаи баргузор гардид.Дар ҷараёни ин иқдом кормандони муассиса ба корҳои ободонӣ ва тозагардонии гирду атроф Қалъа ҷалб гардида, саҳни муассиса, роҳравҳо ва гирду атрофи биноро тоза намуданд.Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан» барои дар сатҳи баланд истиқболи меҳмонон ва қабули тамошобинон дар рӯзҳои ҷашнӣ истиқлоли давлатӣ омода мебошад.