Тоҷикистон – сарзаминест, ки бо қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои бузург, дарёҳои пурталотум, кӯлҳои зебо, набототи гуногун ва ҳайвоноти нодир ва дороии ёдгориҳои таърихию меъморӣ диққати ҳазорон саёҳону муҳақиқонро ба худ ҷалб кардааст. Кӯҳҳо дарёҳо ва теппаҳои хушманзара хусусияти гуногунии иқлими Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Таърихи пурғановати халқи тоҷик ба қарнҳои дур рафта, ба саршавии тамаддуни инсоният мерасад. Як қатор ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва бозёфтҳо аз тамаддуни қадима, маданияти шаҳрдорию давлатдорӣ ва таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо дарак медиҳад.
Аз қадимулайём яке шохаҳои асосии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки шарқро бо ғарб мепайваст, аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мегузашт ва нақши муҳимро дар тиҷорати байналмилалӣ ва омезиши маданӣ мебозид. Хусусан водии Ҳисор дар чорроҳаи тамаддуни омезишёфта қарор гирифта, бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос мекунад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо ЮНЕСКО аз 1 марти соли 2012 таҳти № 90 бо мақсади таъмини ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, 27-уми октябри соли 2015 ҷашни 3000 солагии Ҳисор таҷлил карда шуд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намуда ва якчанд чорабиниҳоро гузаронид, аз ҷумла:
- тадриҷан инфрасохтори сайёҳии мавзеи таърихию меъмории Ҳисорро барқарор намуд;
- корҳои омӯзишӣ ҳафриётӣ дар ҳудуди Аскархона, Уштурхона ва атрофи қасри ҳокими Ҳисор гузаронида шуд.
- растаи дӯконҳои армуғон, чойхона ва Наврӯзгоҳ сохта шуд ки дар худ хусусияти хоси миллӣ ва таърихиро таҷассум менамояд;
- инчунин дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барқарорсозиии бинои меъмории қасри ҳокими Ҳисор ва девори мудофиавии намои қалъа ва роҳи баромадгоҳи қасри ҳокими Ҳисор ба анҷом расонида шуд;
- ҳамзамон ташкили фестивалҳо, чопи китобҳо, брошураҳо, буклетҳо, тақвимҳо ва ташвиқу тарғиби маълумот тариқи лексия, конфронсҳои илмӣ тариқи васоити ахбори омма ( Радио, телевизион, рӯзнома ва ғайра) ба роҳ монда шуд.
Лоиҳаи иншооти “Азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи миллии тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” таҳия карда шудааст. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатиро таҳти № 277/15/9401 гузаштааст. Сохтмони иншоот аз тарафи Муассисаи болозикр дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 44-ф аз «11 » май соли 2015 иҷро гардидааст.
Қасри ҳоким аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори калони қабули меҳмонон, қабулгоҳ , қозихона, утоқи кории вазир, ҳоҷатхона, даҳлез, ҳуҷраи кории Ҳоким, дарвозахона, зинапояҳо ва роҳравҳо дар масоҳати умумии 480м2 ҷойгир шудааст.
Дар ошёнаи дуюм толори хосса, меҳмонхона, ошхона, котибот, хазина, даҳлез, ҳуҷраи хоби ҳоким, айвон, роҳрав дар масоҳати -446м2, ки масоҳат умумии қасри ҳоким – 926,6м2-ро ташкил медиҳад.








