Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи тадбирҳои бахшида ба «Соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ», дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми созанда кормандони Агентӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободониву тозакорӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Зимни баргузории шанбегӣ ҳудуди бинои Агентӣ, роҳравҳо ва утоқҳои кори ба тартиб даровардани муҳити атроф анҷом дода шуданд.






