ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ «ДАРСИ СУЛҲ»

Имрӯз дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш, сурат гирифт.

Зимни суханронӣ масъалаҳои муҳим марбут ба рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин нақши муассисаҳои таълимӣ дар пешрафти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.

Тамошои дастаҷамъонаи суханронии Пешвои муаззами миллат, ки дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва давлат баргузор гардид, ба ҳозирин таассуроти нек ва хотирмон гузошт.

    

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top