Ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта Созмони Милали Муттаҳид 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон кард

31 августи соли 2026 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи «Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод»-ро қабул намуд.

Қабули қатъномаи мазкур идомаи талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав мебошад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад.

Тибқи муқаррароти қатънома, оғоз аз соли 2027, ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад.

Қабули ин қатънома ташаббуси муҳими байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мусоидат ба истифодаи масъулона, бехатар, ҳифзшуда ва боэътимоди технологияҳои зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, масъалаи таъмини амният, ҳифзи маълумот, эътимоднокӣ ва истифодаи масъулонаи чунин технологияҳо аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар ин замина, таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод метавонад, барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳо ва масъулиятҳои марбут ба истифодаи зеҳни, сунъӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт бозгӯи мавқеи фаъол ва созандаи кишвар дар муҳокимаҳои байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои рушди технологияҳои муосир, рақамикунонӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ мебошад.

Бо қабули қатъномаи мазкур, оғоз аз 31 августи соли 2027ин рӯз ба тақвими рӯзҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, ҳамчун сана барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аҳаммияти рушди зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда хоҳад шуд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top