ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АРТИШИ МИЛЛӢ
Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиесии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд. Дар таърихи навин волотарин дастовард – соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хурдани собиқ Иттиходи Шуравӣ амали гардид.
Моҳҳои август-сентябри соли 1991 айни аз ҳам пош хӯрдан ва ба саҳифаи таърихи гузаштаи инсоният навишта шудани номи як вақтҳо абарқудраттарин давлати ҷаҳон – ИҶШС, ҳамаи 15 Ҷумҳуриҳои Иттиҳодӣ Шӯравӣ яке пешу дигаре баъдтар ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09 сентябри соли 1991, рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб мардуми сарзамини куҳандиёри тоҷикон ин санаи таърихиро ҳамчун оғози таърихи навтарини худ тантанавор ҷашн мегиранд.
Тоҷикистони мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳарчанд соли 1924 Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистӣ дар ҳайати РСС Ӯзбекистон, чун давлати мухтори соҳибихтиёр соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистӣ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба маънои томаш соҳибихтиёр набуд. Вай ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат – ИҶШС ворид буд.
Маҳз дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпечутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замон дорони Манғит тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд.
Истиқлолият барои Тоҷикистон осон ва сабук ба даст омад, аммо нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард. Сарвари давлат, қонуни асосии худ – Конститусия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳалӣ, мақомоти давлатӣ, артиши миллӣ ва ғайра атрибути давлатдориро мебоист дошта бошад. Пеш аз ҳама, мебоист ҳиссаи худро аз тақсими мероси собиқ ИҶШС ба даст меовард…
Рӯзи 9 сентябри соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 35-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи пай намудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.
Баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти аҳамияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз ҷузъу томҳои дар сарзаминамон будаи собиқ Артиши номдору пурқудрати Шуравӣ васоити техникии мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногун ва муҳиммоти ҷангиро «мерос» гирифтанд.
Вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо мутаассифона имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархурдор гардад. Мутаассифона он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги Афғонистон баромадаи дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.
Аз ҷониби дигар, он замон дар Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги дохилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Раванди ҳодисахои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будааст.
Фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонд. Маҳз дар чунин шароит мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи истиқлолиятро ба ӯҳда дошт.
Новобаста аз вазъияти ба амал омада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти давлату ҳукумат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Аритиши миллӣ афсарони мо баробари сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вучуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андухт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтака табдил ёфт. Албатта бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низою нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.
Мувофиқи фармони Президенти мамлакат Кумитаи мудофиаи кишвар аз 4 январи соли 1992 ташкил дода шуд. 30 сентябри соли 1992 бошад баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-ми сентябри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиа» Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон 18 декабри соли 1992 нахустин қарорро «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонд. Мувофиқи ин қарор Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар заминаи ҳайати «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори Ҳукумати Конститусионӣ ташкил дода шуд. Норасоии низомиёни касбии таълими ҳарбию ҷангидида ва дар ҳарбу зарб ва машқ обутобёфта дар ин давра баралло эҳсос мешуд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1992 № УП-198 ва Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 ноябри соли 1992 № 404 бо супориши Кумитаи дифоъ дар пойгоҳи техникуми геологӣ Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ташкил карда шуд. 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони коллеҷ савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.
Ҳайати шахси курсантҳою афсарони омӯзгори Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ фаъолона бо ҳамроҳии дигар сохторҳои қудратӣ дар кори бартаф намудани ошӯбҳои гурӯҳҳои ҷинояткори зидди давлатӣ ва муҳорибаҳо алайҳи дастаҳои ифротгарону ҷинояткорон, баҳри таъмини пойдорию амнияти сохти Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 195 аз 30 апрели соли 2002 Коллеҷи Олии Ҳарбии Фармондеҳию Муҳандисӣ ба Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиа табдил дода шуда, бо фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №130 аз 14 июни соли 2002 Низомномаи Донишкадаи Ҳарбӣ тасдиқ карда шуд.
18 декабри соли 1993 генерал-майор А. В. Шишлянников Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнақи нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ шурӯъ намуд. Бо роҳбарии ӯ аввалин намоиши сафороӣ ва расми гузашти тантанавии низомии ҷузъу томҳои низомии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли 1993 хотирмону таърихии фаромӯшношуданӣ сурат гирифт.
Намоиши расми гузашти низомии мазкурро метавон гардиши куллие дар ҳаёти Артиши миллии мамлакат номид. Он нишон дод, ки роҳбарияти давлату ҳукумати навташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилу ташакулли Қувваҳои мусаллаҳ ҷиддан машғул аст.
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни соли 1993 «Дар бораи сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарорро ба имзо расонд. Инчунин зимни ин Қарор сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 августи соли1994 сохтори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бори дигар мавриди муҳокима қарор дода бо ислоҳу иловаҳои муҳим сохтори нави онро тасдиқ кард.
Аз моҳи апрели соли 1995 генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамроҳи Вазири нав дар сохтмони Артиши миллӣ муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А.С.Чубаров, полковник С.Н.Бобоҷонов, генерал-майори авиатсия В.М.Грудына, генерал-майор А.А.Абдуласанов, генерал-майор З.М.Файзиев, генерал-майор И.Додоматов ва бисёр дигар афсарони олирутба саҳми шоистаи худро гузоштаанд. Бо кӯмаки давлату ҳукумат, мувофиқи нақшаи муайян, бунёди Артиши миллӣ давра ба давра инкишоф меёфт. Пеш аз ҳама ба масъалаҳои бо яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ ҷизҳозонидан, пурра намудани ҳайати шахсӣ, беҳдошту вазъи омодабоши ҷангии афсарону сарбозон диққати ҷиддӣ дода мешуд. Агар ба гузашти таърих нигарем ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкил ёбии Артиши ИҶШС монанду бо ҳам як аст гӯем хато намекунем.
Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик (ОТО) оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Имсол, 35 солагии истиқлолияти давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Вале ҳамагӣ 35 сол пеш кам касоне дар фикри таҷлили ҷашни истиқлол буданд. Зеро дар сангарҳои набарди байни ҳукумат ва мухолифин хун мерехт, хуни тоҷики азиятдидаву бадбахтгашта. Нахуст лозим буд, ки ин хунрези қатьъ гардад.
Қатъ гардидани ихтилофот дар мамлакат имконият фароҳам овард, ки Артиши миллӣ ба мустаҳкамкунии таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои ҷангию тактикӣ ва такмили омодагии ҷангии онҳо оғоз намуд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститусионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромуш кард.
Дар давоми 35 соли истиқлолият ва солҳои ташкилёбии Артиши миллӣ, ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо давлатҳои хориҷаи дурру наздик иштирок намуд. Ҳамкориҳои ҳарбию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ сол аз сол ривоҷу равнақ меёбад.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст.
Дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин рӯ, бо назардошти вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати шахсӣ ба ҳисоб гирифтани интизоми баланд дар адои хизмати ҳарбӣ, такмили малакаю маҳорати ҷангӣ ва обутоби ҷисмонӣ мо бояд ин вазифаи худро бо ҳисси ифтихор ва масъулият иҷро намоем. Ин масъалаҳо таҳти шиори – «30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо омодагии баланди ҷангӣ ва омӯзишу такмили маҳорати ҷангӣ ва интизоми намунавӣ истиқбол мегирем!».
Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёти мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонаги гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу суббот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд. Акнун халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд.
Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахасисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.



