ИСТИҚЛОЛИЯТ-ГАНҶИ МИЛЛАТ
Ба миён омадани сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурияти таърихӣ ва тақозои замон буд. Ин зарурияти таърихӣ аз он сабаб ба миён омад, ки соли 1991 Иттиҳоди Шўравӣ барҳам хўрд ва ҷумҳуриҳои аъзо истиқлоли комил ба даст оварданд.
Ҳамаи халқият, миллат ва гурўҳҳои миллию этникие, ки дар дохили собиқ Иттиҳоди Шўравӣ муттаҳид буданд, аз таъсири маркази ягонаи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ ҷудо шуда, ба ҳар тараф бо роҳи истиқлоли миллӣ қадам гузоштанд. Дар чунин вазъияти душвору мураккаб, вале тақдирсоз ҳар як миллату халқиятҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ роҳҳои тарақиёти ояндаи хешро ҷустуҷў мекарданд. Халқи тоҷик, ки як узви таркибии он буд, бо амри таърих Истиқлоли миллии худро эълон намуд ва бо ин саҳифаи дурахшони таърихи соҳибистиқлолӣ ранги дигар гирифт.
Тули солҳои соҳибисиқлолӣ дар Тоҷикистон дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳодисаҳои хеле мураккабу муҳими таърихие рух доданд, ки ҳаллу фасли онҳо аз халқи тоҷик сабру тоқат, мардонагӣ, қаҳрамонӣ, матонат ва ҷасоратро талаб менамуд.
Ин ҷараёни таърихӣ нишон дод, ки халқи тоҷик дар муддати кўтоҳ ҳамаи ин душвориҳоро паси сар карда, ба комёбиҳои бузург ноил гардида, сохти давлату давлатдории худро боз ҳам мустаҳкам намуда, қарор дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ барпо намоянд. Бузургиву матонати ин миллати фарҳангӣ буд, ки ба ин ҳадафҳои нек яъне ободкорӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ камар бастанд.
Пайдоиш, ташаккул ва сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон соҳибистиқлол яке аз ҷараёнҳои қонунӣ мебошад. Таҷрибаи таърихии мамоликҳои пешқадами ҷаҳонӣ исбот менамояд, ки дар марҳалаи аввали сохтори ҷомеаи демократӣ душвориҳои зиёде ба вуқуъ меояд, ки ҳаллу фасли онҳо ба дараҷаи дониш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ, маданияти сиёсии аъзоёни ҷамъият вобаста аст. Сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон аз рўзи ба даст овардани Истиқлоли миллӣ оғоз гардид.
Масъалаи дигаре, ки пеши миллати тоҷик меистод ин мутаассифона хомуш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоламон буд. Ҷавонони ноогоҳ зери идеологияи хом ва маблаѓгузориҳои хоинонаи хоҷагони хориҷӣ мехостанд миллати фарҳангии тоҷикро ба гирдоби нобудшавӣ баранд. Хушбахтона дар ҳамон замон дар канори роҳбари ҷавони мо, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони зиёде буданд, ки барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик талош доштанд ва ба муроди хеш расиданд.
Иҷлосии ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар қасри Арбоб баргузор гардид, ба ташаккули давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон таҳкурсии устувор гузошт. Баъди таъсиси пурраи давлати мустақили тоҷикон, Ҳукумати нави қонунӣ, Раёсати Шўрои Олӣ ва сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон оѓоз ёфт, ки дар зарфи 35-соли гузашта халқи тоҷик ба комёбиҳои бузург соҳиб гардид. Ба ҳамаи ин душвориҳо монеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ки садди роҳи муборизаи халқи тоҷик мегардиданд, нигоҳ накарда, ин миллати бошараф Истиқлоли худро бо даст овард ва то кунун маҳфуз аст.
Маънои фалсафаи Истиқлол хеле васеъ аст. Пеш аз ҳама, моҳияту мазмуни Истиқлол дар тамоми муборизаи тўлонии ин ё он халқу миллат барои ба даст овардани озодӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, соҳиб гардидан ба худшиносӣ, ташаккули ҳиссиёти миллӣ, устувор гардонидани ваҳдат ва сулҳу осоиштагиро дар мамлакат дорад.
Истиқлол аз рўи моҳият, мазмун, характер ва мавқеи таърихии худ, шаклҳои зерин дорад: Истиқлоли иқтисодӣ, Истиқлоли сиёсӣ, Истиқлоли иҷтимоӣ, Истиқлоли идеологӣ, Истиқлоли маданию фарҳангӣ ва ѓайра мебошанд.
Ҳар яке аз ин шаклҳои истиқлол дар навбати худ дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.
Таҷрибаи таърихӣ шоҳиди он аст, ки ҳар як халқу миллат дар тамоми давраҳои мавҷудияташ барои ноил гардидан ба Истиқлоли миллии худ мубориза мебарад. Ба ин халқу миллати тоҷик мисоли равшан шуда метавонад.
Имрўз дар тамоми қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол барои сохтори ҷомеаи демократӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ ба вуҷуд омадаанд. Пеш аз ҳама дар байни мардум созиши сулҳу осоиш торафт мустаҳкам гардида, фазои иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ муътадил мебошад.
Эҳтирому якдигарфаҳмии ҳамаи табақаҳои аҳолии мамлакат ба вуҷуд омаданд. Халқи тоҷик дар зери сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, бо ёрию дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Шўрои Олии мамлакат барои сохтори ҷомеаи демократӣ тамоми заминаҳои устувори иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро муҳайё кард.
Мақсади ягонаи халқи тоҷик аз сохтори ҷомеаи демократӣ ва барқарор намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ аз он ибрат аст, ки дар ин ҷомеа озодии ҳақиқӣ, адолати иҷтимоӣ, ақидаҳои гуногунфикрӣ ва дигар руқнҳои сохтори давлатӣ пурра таъмин карда шавад. Барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳои бузурги халқи тоҷик ва ниятҳои неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ягон фард, ташкилот ё муассиса, ягон иттиҳоди одамоне мавҷуд нест, ки он бевосита ё бавосита дар ҳаёти бунёдкориву созандагии ҷамъият иштирок накунад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳокимият дар дасти халқ аст. Дар Тоҷикистон халқ бунёдгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияту давлат буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, гуфта мешавад дар конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ин суханони таърихӣ муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик ифода ёфтааст, ки вай баъди ҳазор сол давлати мустақил ва Истиқлоли миллии худро барқарор кард ва ҳоло бо эътимоди комил ҷомеаи демократӣ барпо карда истодааст.
Сохтори ҷомеаи демократӣ, ки зодаи Истиқлоли миллӣ ба давлати ҳуқуқбунёди дунявист, ҷараёни қонунӣ мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин санадҳои ҳуқуқии таърихии давлатдории тоҷикон аст, ки дар он манфиатҳои умумибашарӣ ба таври қонунӣ мустаҳкам шудаанд. Бояд гуфт, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигари давлатҳои сотсиалистӣ, ивазшавии мафкураи марксистӣ бо арзишҳои дигари миллию умумибашарӣ ҷараён гирифт.
Яке аз равандҳои дигари эҳёи сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат мебошад, ки имрўз ҳамаи ҳуқуқҳо ва вазифаҳои конститусионии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муносибати давлат ва фаъолияти бунёдкории сохторҳои ҳокимияти давлатӣ торафт инкишоф ёфта, аз ҷузъиёти фаъолият ва масъулияти сиёсатмадорӣ, аз ҳақиқати ҳаёти сиёсию маънавӣ ѓанӣ мегарданд ва ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон дилпурона қадам мегузоранд.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Ҳоло дар кишвари мо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои касбӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва ѓайра фаъолият доранд. Давлат дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти онҳо фазои мусоиди ҳуқуқӣ ва қонунӣ фароҳам сохтааст».
Яке аз унсурҳои асосӣ ва бонуфузи эҳёи сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон Ҳукумати қонунӣ мебошад, ки дар иҷлосии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат омада тавонист, таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ оташи ҷанги шаҳрвандиро хомўш намуда, сохтори фалаҷгардидаи хокимият, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ин неруҳои посбони сарҳадиро таъсис диҳад. Воқеан, имрўз ин падидаҳои сиёсӣ баръало ба чашм мерасанд ва фаъолият доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Истиқлоли миллӣ чунин гуфтааст: «Имрўз ҳамаи тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонанд, ки Истиқлоли кишвар ва шарафи миллатро ҳифз намоянд, анъанаҳои неки башардўстонаи аҷдодонро идома диҳанд».
Давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва истиқлолият, ки бо шарофати халқи худ зинда аст, мо ватандорон ин мафкураҳоро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри татбиқи амали он камари ҳиммат мебандем.



