11 сентябри соли 2026 дар толори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – тақозои замон» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба аҳамияти омӯзиш ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ суханронӣ намуданд.
Ҷаласаро директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб оғоз намуда, оид ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақши онҳо дар фаъолияти кормандон андешаронӣ намуд.
Зимни баргузории мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ ва масъулияти кормандон дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Омӯзиши мунтазами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳим ва баланд бардоштани сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқии кормандон мебошад.



