Шанбегии дастаҷамъона дар муассисаҳои ниҳоди Агентӣ

    12 сентябри соли 2026 дар муассисаҳои ниҳоди Агентӣ бо мақсади ободонӣ, тозагии муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

  Дар раванди шанбегӣ кормандони муассисаҳои ниҳоди Агентӣ фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва ҳудудҳои вобастаро аз партовҳо тоза карда, корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро ба роҳ монданд.

  Баргузории чунин иқдомҳо ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитарии ҳудудҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандии кормандон мусоидат менамояд.

  Кормандони ниҳоди Агентӣ минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагӣ ва дигар ташаббусҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top