Бо ташаббус ва пешниҳоди Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои дорои арзиши таърихию табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Ба ин рӯйхат аз ҷумла, петроглифҳои мавзеҳои Лангар, Даршайр, Шахта, Найзатош ва Бахмалҷилға, ки дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир мебошанд, шомил шудаанд.
Ҳамчунин, мавзеъҳои қадимаи таърихию табиии Кулдара, Лоҳутӣ, Оби Мазор ва Хонақо, ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир мебошад ба Рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд.
Петроглифҳои мазкур ва мавзеъҳои бостонӣ, ҳамчун намунаҳои арзишманди мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, дорои аҳамияти муҳими илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ мебошанд. Омӯзиш ва ҳифзи онҳо барои таҳқиқи таърихи тамаддунҳои қадима ва рушди фарҳанги минтақа аҳамияти хос дорад.
Ворид гардидани ёдгориҳои мазкур ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО қадами муҳим дар самти муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин таҳкими корҳои ҳифз, омӯзиш ва муаррифии онҳо ба ҳисоб меравад.
Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ, ҷиҳати таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар, аз ҷумла омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои пешниҳоди онҳо ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.




