Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз 3 январи соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024, №1-2,
мод. 18; с. 2025, №1, мод. 13) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
– банди 8) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию
фарҳангӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ менамояд;»;
– бандҳои 8)-27) мувофиқан бандҳои 9)-28) ҳисобида шаванд.
2. Дар моддаи 10:
– бандҳои 2), 6), 19), 21) ва 26) хориҷ карда шаванд;
– бандҳои 3), 4), 5), 7), 8), 9), 10), 11), 12), 13), 14), 15), 16), 17), 18), 20),
22), 23), 24), 25), 27), 28), 29) мувофиқан бандҳои 2), 3), 4), 5), 6), 7), 8), 9), 10),
11), 12), 13), 14), 15), 16), 17), 18), 19), 20), 21), 22), 23), 24) ҳисобида шаванд.
3. Моддаи 101 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 101
. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи мероси
таърихию фарҳангӣ дохил мешаванд:
1) таҳияи пешниҳодҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи
мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани чорабиниҳо вобаста ба ҳифз, баҳисобгирӣ, консерватсия, азнавбарқароркунӣ ва истифодаи
мақсадноки сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин ҷовидон гардондани хотираи ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
3) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод
намудани низомномаи намунавии комиссия оид ба муваққатан аз ҳудуди
Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
4) тасдиқ намудани тартиби ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории фонди осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) пешниҳоди дархостҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил
намудани ҷузъҳои мероси таърихию фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии халқи
тоҷик ба рўйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, ки ба ҳифзи
фаврӣ ниёз доранд;
6) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии
Тоҷикистон муайян намудааст.».
4. Дар банди 3) моддаи 12 калимаи «фарҳанг» ба калимаҳои «ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» иваз карда шавад.
5. Ба ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 40 пас аз калимаҳои «ваколатдори
давлатӣ дар соҳаи фарҳанг,» калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар
соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ,» илова карда шаванд.
6. Ба қисми 1 моддаи 45 пас аз калимаҳои «ваколатдори давлатӣ»
калимаҳои «дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи
ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор
дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2327:
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ
ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз
ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» аз 3 марти
соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006,
№3, мод. 168; с. 2012, №12, қ.1, мод. 1015; с. 2017, №5, қ. 1, мод.
286) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми дуюми моддаи 5 пас аз калимаи «давлатӣ»
калимаҳои «дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» илова карда шаванд.
2. Дар қисми сеюми моддаи 51
калимаи «фарҳанг» ба калимаҳои «ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 7 калимаи «фарҳанг» ба калимаҳои «ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2328
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту
илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №484
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию
фарҳангӣ»Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз
ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ҷонибдорӣ
карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2026, №247
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ
ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ»
Моддаи 1. Дар сархати шашуми моддаи 1 ва қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» аз 4 апрели соли
2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №4-5, мод. 221; с. 2025, №1, мод. 12)
калимаи «фарҳанг» ба калимаҳои «ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 21 октябри соли 2026, №2329
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани
сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №486
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ҷонибдорӣ карда
шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ



