Оғози корҳои сохтмонӣ дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара
03.11.2026. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара оғоз гардиданд.
Тибқи иттилои масъулин, бунёди иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши таърих, ҳифзу муаррифии мероси фарҳангии ниёгон роҳандозӣ шудааст.
Қалъаи «Золи Зар» аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихии минтақа ба шумор рафта, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани озмоишгоҳ барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи таъриху бостоншиносӣ имкониятҳои нави омӯзишӣ ва тадқиқотӣ фароҳам мегардад.
Зимни оғози корҳои сохтмонӣ таъкид гардид, ки ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии кишвар маҳсуб ёфта, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи гузаштагон ва муаррифии тамаддуни куҳани халқи тоҷик, мусоидат менамояд.





