Бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз, эҳё ва гиромидошти мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик, дар шаҳри бостонии Истаравшан яке аз ёдгориҳои таърихии шаҳр — Дарвозаи Боло аз нав бунёд гардид.
Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон ба шумор рафта, дар масири таърихии Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир мебошад. Мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва аҳамияти иқтисодию тиҷоратии он дар тӯли асрҳо ба рушду нумӯи шаҳр ва ташаккули фарҳангу тамаддуни ғании он мусоидат намудааст.
Тибқи ривоятҳо ва маълумоти таърихии маҳаллӣ, шаҳри қадимаи Истаравшан бо қалъа ва деворҳои муҳофизатӣ иҳота гардида, дорои ҳафт дарвоза будааст. Яке аз дарвозаҳои асосии шаҳр дар қисмати ғарбӣ ҷойгир буда, бо номи «Дарвозаи Боло» маъруфият доштааст. Дар дохили шаҳр низ гузаре бо ҳамин ном мавҷуд будааст.
Дар назди дарвоза чойхонае бо номи «Қаландархона» фаъолият мекард. Азбаски шабона дарвозаҳои шаҳр баста мешуданд, мусофироне, ки аз самти Зомин, Дизак (Ҷиззах) ва дигар минтақаҳо меомаданд, шабро дар ин макон рӯз мекарданд. Субҳи рӯзи дигар, пас аз боз шудани дарвозаҳо, онҳо вориди шаҳр шуда, ба харидуфурӯш машғул мегардиданд ва сипас роҳи худро идома медоданд.
Бо гузашти вақт деворҳои муҳофизатӣ ва дарвозаҳои таърихии шаҳр тадриҷан хароб гардида, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди ин, хотираи онҳо дар зеҳну андешаи сокинон, бахусус калонсол, боқӣ мондааст.
Имрӯз дар заминаи сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи роҳбарияти давлат ва таваҷҷуҳи хос ба эҳёи арзишҳои миллӣ дар саросари мамлакат корҳои ободонию барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вусъат доранд.
Дар идомаи чунин иқдомҳои созанда, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Зариф Аюбов Дарвозаи Боло аз нав бунёд гардид. Муаллифи тарҳ ва роҳбари корҳои сохтмонӣ Абдурашид Ҷабборов буда, дар раванди сохтмони ин иншоот хиштчинҳои соҳибтаҷрибаи шаҳр — Шавкат Ғафуров, Ҳамза Маҳмадалиев, Қулӣ Мавлонов ва Қобил Каримов саҳми арзанда гузоштанд.
Бунёди дубораи Дарвозаи Боло намунаи ибратбахши саҳми соҳибкорон ва ҳунармандони маҳаллӣ дар ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.
Дарвозаи Боло имрӯз на танҳо як иншооти меъмории навбунёд, балки таҷассумгари таърихи куҳан, ҳунари волои меъморӣ ва пайванди наслҳои гузаштаву имрӯзаи мардуми Истаравшан ба шумор меравад.
Зеро ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ танҳо нигоҳдории ёдгориҳои гузашта нест, балки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат ва масъулият дар назди наслҳои оянда мебошад.



