Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърихи ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад

24 ноябри соли 2026 даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърихи ва фарҳанги тоҷикон» дар Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар даври ниҳоии озмун иштирокчиёни муваффақ донишу малакаи худро дар самти омӯзиш ва шинохти таърихи халқи тоҷик муаррифӣ намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории озмунҳои дорои хусусияти маърифатӣ ва таърихӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба гузашта, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси ниёгон ва тақвияти ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ аҳаммияти хосса дорад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top