Табрикоти директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шумо, кормандони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ, нангу номус ва ифтихори ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху тамаддуни куҳан, фарҳанги ғанӣ, орзуву ормонҳои миллӣ ва саъю талошҳои халқи тоҷик дар роҳи давлатдории мустақил мебошад.

Маҳз эҳтиром ба Парчами давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги ниёгон ва муаррифии мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад.

Мо, кормандони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, вазифадорем, ки дар баробари ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатиро дар ҷомеа, бахусус миёни насли ҷавон, таҳким бахшем.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва ҳамчун рамзи сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷилвагар бошад.

Бо камоли эҳтиром, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, барори кор ва дар роҳи ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top