Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид

23 ноябри соли 2026 дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчам – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Агентӣ Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, таъкид карданд, ки Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдории миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ дар баробари таҷассумгари таъриху тамаддун ва арзишҳои миллии халқи тоҷик будан, нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ масъулияти шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба Ватану миллат ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи ташаккул ва мақому манзалати Парчами давлатӣ, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва зарурати ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии кишвар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ба шумор рафта, дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвияти корҳои маърифативу тарбиявӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top