Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин яке аз ёдгориҳои нодири таърихию меъмории Тоҷикистон ба шумор рафта, дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара, тақрибан 4 километр шимолтар аз маркази ноҳия, дар болои теппа ҷойгир мебошад.
Тибқи маълумоти бостоншиносон, ин ёдгории таърихӣ аз хишти хом бо андозаи 21×21×4 сантиметр бунёд гардида, баъдан дар асрҳои XIV–XV бо истифода аз хишти пухтаи ҳамин андоза аз нав сохта шудааст.
Мақбара аз ду қисмати асосӣ — бинои рӯизаминӣ ва сағонаи зеризаминӣ иборат мебошад. Сағона бо пӯшиши балхӣ сохта шуда, аз ҷиҳати ҳаҷм нисбат ба бинои асосӣ хурдтар буда, баландии он 150 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар дохили он марқади Мавлоно Тоҷиддин, ҳамсари ӯ ва фарзандаш ҷойгир буда, дар дохили бинои мақбара низ се турбати хиштӣ мавҷуд аст.
Бинои мақбара шакли мураббаъ дошта, андозаи дохилии он 5,12×5,15 метр ва андозаи беруниаш 9,05×8,17 метрро ташкил медиҳад. Гӯрхона бар асоси тарҳи анъанавии мақбараҳо ва маъбадҳои пеш аз исломӣ, ки бо номи «чортоқи зардуштӣ» маъруф аст, бунёд гардидааст.
Дар сохтмони иншоот хиштҳои пухта бо маҳлули гилхок истифода шуда, дару даромадгоҳ, тоқҳо ва аркҳои он шакли пайконӣ доранд. Дар ҳар чор тарафи бино дар ҷойгир буда, даромадгоҳи асосӣ бо пештоқи нисбатан хурд дар девори шарқӣ воқеъ мебошад. Деворҳои ғарбӣ, шимолӣ ва ҷанубии иншоот бо унсурҳои ороишии жарфии П-монанд зинат дода шудаанд.
Намои асосии мақбара дорои пешайвон буда, андозаи он 3,17×0,92 метрро ташкил медиҳад. Дар дохили бино, дар девори шарқӣ, ду зинапояи морпеч сохта шудаанд, ки барои баромадан ба болои гунбаз пешбинӣ гардидаанд. Зинапояҳо дар қисми болои бом бо пӯшиши равоқӣ анҷом меёбанд.
Гунбази мақбара ба устувонаи болои чортоқҳои дубағалаи кунҷҳо ва тоқчаҳои дубағалае, ки дар ду тарафи тоқҳои бузург ҷойгир шудаанд, такя мекунад. Ин хусусиятҳои меъморӣ аз маҳорати баланди сохтмонсозӣ ва истифодаи унсурҳои хоси меъмории давраи мазкур шаҳодат медиҳанд.
Бо гузашти солҳо мақбара ба ҳолати харобӣ расида, зарурати андешидани тадбирҳои таъмиру тармим ба миён омадааст. Соли 1987 ин ёдгорӣ аз ҷониби Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина лоиҳаи таъмиру тармими гунбаз, сардар ва девори ҷанубии он таҳия шудааст.
Корҳои тармимӣ таҳти роҳбарии меъморон Н. Валиев ва З. Ҳасанов амалӣ гардида, қисматҳои мазкур бо истифода аз хишт ва бетон аз нав барқарор карда шудаанд. Ҳамзамон, гунбази мақбара бо тунукаи сафеди зангногир рӯйпӯш гардидааст.
Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин ҳамчун ёдгории дорои арзиши баланди таърихию меъморӣ дар муаррифии мероси фарҳангии минтақа мавқеи муҳим дорад. Омӯзиш, ҳифз ва нигоҳдории чунин ёдгориҳо барои таҳқиқи таърихи меъморӣ, шинохти ҳунари ниёгон ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани арзишҳои фарҳангии миллӣ аҳаммияти хосса дорад.




