Имрӯз дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир баргузор гардид,
Чорабиниро Сафолзода Комрон Муҳаммад- муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, дар мавзуи “Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир баёнгари ҳуқуқу озодиҳои инсон “ маъруза намуд.
Баъдан маърузаи Ҷобирзода З.Э.-сардори раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникии Агентӣ дар мавзуи “Пешвои миллат-эҳёгари Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ” ва Қараев А.-сардори раёсати назорат ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Агентӣ дар мавзуи “Эъломияи Куруши Кабир- бозёфтҳои нодир ва сарчашмаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ”шунида шуд.
Дар музокира иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро атрофи ин ганҷинаи бебаҳои таърихи башарият иброз доштанд.