Ба ҳамагон маълум аст, ки 12-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари пурбарори давлатӣ озими шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.
Истиқболи баланди ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон гувоҳи он буд, ки ҷонибҳо ташнаи дидори якдинаранду баҳри пойдории сулҳу салоҳ дар ду минтақа табли шодӣ мезананд.
Саҳни фурӯдгоҳи байналмилалии Ҷумҳурии Қирғизистон бо таври хоса оро дода шуда, меҳмони олиқадрро шахсан Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми баланди дустона истиқбол намуд.
Дар айни сафар аз ҷониби сарони давлатҳо “Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон” ба имзо расид. Ин санади ҳуқуқии баимзорасида барои ду кишвар саҳифаи нави таърихиро боз кард.
Дар ҷараёни сафари давлатӣ дигар санадҳои ҳуқуқии аҳамияти таърихидошта ба имзо расида, натиҷаҳои ин ҳамкориҳо дар таҷлили бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардид. Ин сафари бобарори таърихӣ аз ҷониби кулли сиёсатмадорони ҷаҳонӣ истиқбол шуд.
Муовини директори
Агентии ҳифзи мероси
таърихию фарҳангии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
дотсент Саиднуриддинзода А.С.