Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур, баланд бардоштани савияи дониши кормандони Агентӣ дар самти ҳуқуқ, махсусан ҷанбаи ҳуқуқии санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳавии хизматчии давлатӣ мебошад. Зимни баргузории ҷаласаи мазкур сараввал директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хоҷазода Ш. суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки «Омӯзиши санадҳои зерқонуни соҳавӣ барои хизматчиёни давлатӣ, воқеан тақозои замон мебошад. Зеро донистани қонунҳо, низомнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мо имкон медиҳанд, ки пеш аз ҳама аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошему барои лағв накардани он роҳ надиҳем». Баъдан муовини директори Агентӣ Саиднуриддинзода А. суханронӣ намуда, зимнан ироа намуд, ки «Вақти он расидааст, ки бобати риоя намудани қонуну низомномаҳои соҳаи хизматчии давлатӣ ҷиддан корбарӣ намоем».
Сипас мутахассиси пешбари раёсати илмию истеҳсолӣ ва техникии Агентӣ- Фарангиси Ф. дар мавзӯи «Шарҳу тавзеҳи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»», Шарифзода Н.- мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар мавзӯи «Шарҳи Низомномаи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сатторов А.- сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, корҳои махсус ва ҳуқуқ бобати риояи интизоми меҳнат тибқи талаботи қонунгузорӣ дар самти хизмати давлатӣ ва Зарипов Ш. дар мавзӯи «Риояи талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми семинар атрофи Қонун ва санадҳои зерқонуни зикргардида, музокираҳо анҷом дода шуд.









