ИШТИРОК ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВӢ ДОИР БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ЗИНДА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Аз санаи 6-8 – уми октябри соли 2025 Семинари минтақавӣ оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи мероси зинда дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба Рӯйхати ҳифзи фаврӣ барои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ба таври ҳузурӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он кормандони Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Семинари мазкур ба масъалаи ҳифзи мероси ғайримоддӣ ва роҳҳои эҳёи ҳунари қолинбофии дастӣ равона гардида, омилҳои азбайнравии ин ҳунари қадимаи мардумони Осиёи Марказӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top