МАЗМУН ВА ХУСУСИЯТҲОИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ  ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ ТАВАССУТИ ФАНҲОИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСӢ

Саиднуриддинзода А.С.

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Имрӯз дар ҷомеа тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстии насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро як қисми ҷавонон нисбат ба халқу миллатҳои дигар ҳисси бадбинӣ ва нафрат нишон дода истодаанд, ки ин хислатҳо ба шуур ва сифатҳои ахлоқии шахсият таъсири харобиовар мерасонад. Дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити оила ҳар як наврасро бояд дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллии хеш ва таъриху фарҳанги қавму миллатҳои дигари сокини мамлакат тарбия кардан зарур аст.

Дар давраи муосир, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ба амал омада истодааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири он дар канор буда наметавонад ва моро лозим аст, зимни таълиму тарбияи насли наврас ин навгониҳо ва дигаргуниҳоро дар мадди назар дошта бошем.

Бар асоси ин баррасӣ, тарбияи дурусти ҷавонони ҷумҳурӣ бо дар назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ аҳамияти хосса пайдо карда, муҳимияти интихоби мавзуро таъмин мекунад. Тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимии  муосир ба ҳисоб мерафт, зеро айёми кӯдакӣ ва наврасӣ барои бедор намудани ҳисси муқаддаси меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан яке аз марҳилаҳои муҳимии зиндагии инсонҳо   ба ҳисоб меравад.

Тарбияи ватандӯстӣ маънои дар хонандагон тадриҷан ва устуворона ташаккул додани меҳру муҳаббат нисбат ба Ватанро дорад. Ватандӯстӣ яке аз хусусиятҳои муҳимтарини шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта маҳсуб меёбад. Дар мактаббачагон бояд ҳисси ифтихор нисбат ба Ватан ва халқи худ, эҳтиром нисбат ба корнамоиҳои бузург ва саҳифаҳои шоёни гузаштаи худ ташаккул ёбад. Аз муассисаи таълимӣ бисьёр чиз талаб карда мешавад, аммо нақши онро дар ин бобат аз ҳад зиёд баҳо додан мумкин нест. Бо ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи ҷомеаи демократӣ на танҳо ба мушкилоти тағйир додани низоми сиёсиву иқтисодӣ, балки тағйир додани сохторҳои иҷтимоии кишвар, аз ҷумла маориф низ рӯ ба рӯ шуд.

Ҷузъи муҳими ҷараёни педагогӣ таҳлили натиҷаҳои ҳосилшуда ва баҳодиҳӣ  ба онҳо мебошад, ки бо зарурияти гирифтани маълумоти мутақобил дар бораи кори омӯзгор асоснок гаштааст.

      Ошкор ва арзёбӣ кардани натиҷаҳои ҷараёни педагогӣ яке аз шартҳои асосии баландбардории самаранокии он ҳисоб меёбад. Натиҷадиҳии ҷараёни тарбияи ватандӯстӣ вуҷуд доштани тағйироти сифатиро дар рушди фикрии тарбиятгирандагон дар назар дорад. Ин мафҳум бо мафҳуми самаранокӣ, ки чун мувофиқати натиҷаҳои гирифташуда ба вазифаҳои гузашта муайян мегардад, алоқаи зич дорад. Самаранокии педагогӣ дараҷаи татбиқи мақсадҳои таълимиро дар қиёс бо гузашта, ё имконпазир вобаста ба бартарафсозии омилҳои бокимонда, ки бидуни муаллим барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузашташуда таъсир мерасонанд, дар бар мегирад. Самаранокӣ дар муқоиса бо натиҷанокӣ мафҳуми маҳдудтар аст, чунки ба дастовардани натиҷаҳои мусбии ба нақша гирифташударо дар назар дорад, ҳол он ки натиҷанокӣ метавонад натиҷаҳои манфӣ, ғайричашмдоштро дар бар гирад, яъне ҳангоми баҳо додан ба натиҷаҳои тарбияи ватандӯстӣ натиҷаро мутобиқи мақсадҳои гузошташуда арзёбӣ кардан зарур аст.

      Дараҷаи маърифатнокии хонандагон нишондиҳандаи асосии самаранокии тарбия мебошад. Маърифатнокӣ дараҷаи муҳими рушди шахсиятро тавсиф намуда, на иттилооти  хусусиятҳои алоҳидаи  шахсият ( бовиҷдонӣ,  мехнатдустӣ ва ғ),  балки мувофиқатро байни  донишҳо,  эътиқодот ва рафтори  тарбиягиранда дар бар мегирад. Маренко И.С.  ба сохтори ин мафҳум се ҷузъи ба ҳам алоқамандро дохил мекунад: а) захираи донишҳои ахлоқии хонанда (дар бораи меъёрҳои рафтор, дар бораи муносибат ба ҷомеа,  ба меҳнат,  ба шахси дигар, ба худ чи медонад); б) эътиқодоти ахлоқӣ  (хонанда меъёрҳои ахлоқиро барои  худ чи тавр қабул менамояд- ҳавасмандӣ,  арзишҳо ва ғ.),  яъне муносибати шахсӣ  ба донишҳои  ахлоқӣ; в) рафтори воқеии  ахлоқӣ ( кӯдак донишҳои ахлоқӣ ва  эътиқодотро дар рафтори худ чӣ тавр таҷассум  менамояд?) [2, с.65].

      Дар тавсифи маърифатнокӣ  ҳар як ҷузъ зарур  аст: донишу меъёрҳои  ахлоқӣ эталоне дорад, ки  бе муносибат ба он рафтори бошуурона,  эътиқодоти ахлоқӣ,  ки сабабҳои  инфиродии ин рафтор  мебошанд, номумкин аст. Дар худи рафтори ахлоқӣ  донишу ақидаҳои нав бавуҷудомада татбиқ ва  истифода мегарданд.

      Барои дараҷаи баланди  маърифатнокӣ  мувофиқат байни донишҳо,  эътиқодот ва рафтори инсон  хос аст;  дараҷаи паст бо маҳдудияти  алоқа байни донишу ақидаҳо ва  рафтор  тавсиф карда мешавад.

       Мафҳуми маърифатнокӣ бо мафҳуми «тарбияшавандагӣ», ки чун таъсирпазирӣ  ба тарбия,  имконоти хонанда ба рушди минбаъдаи  шахсӣ дар ҳамкорӣ  бо калонсолон муайян мегардад, мушобеҳ аст. Тарбияшавандагӣ дараҷаи имконпазирии онро мефаҳмонад. Масъалаи муайян намудани маърифати ватандӯстии хонандагон хеле мушкилу гуногунпаҳлу аст. Ба ҷанбаҳои гуногуни  масъалаи мазкур  пажӯҳишҳои  педагогони маъруф  (О. С.  Богданова, И. С. Маренко, Р. А. Полуянова, А. Д. Солдатенков, Г. М.Суходолова, В. И.  Шахненко ва дигарон) бахшида шудаанд.

       Муайян намудани маърифатнокии ватандӯстии  хонандагон дар асоси  муайян кардани меъёрҳои лозимӣ  имконпазир мегардад. Дар адабиёти  энсиклопедӣ меъёр чун аломате фаҳмида мешавад, ки дар асоси он  арзёбӣ,  муайянкунӣ ё таснифоти чизе ба вуҷуд меояд.

      Ҳангоми муайян сохтани меъёрҳои маърифатнокии ватандӯстӣ  баҳисобгирии моҳият ва сохтори мафҳуми «ватандӯстӣ», ки маҷмуи ғояҳо, фаъолият ва ҳисси ватандӯстӣ, инчунин мақсаду вазифаҳои тарбияи ватандӯстии хонандагонро дар бар мегирад, аҳамияти хоса дорад. Дар асоси қазияҳои мазкур ба сифати меъёрҳои маърифатнокии ватандӯстӣ чунин омилҳо хизмат карда метавонанд: дараҷаи донишҳои ватандӯстии хонандагон, хусусиятҳои иштироки тарбиятгирандагон дар фаъолияти ватандӯстӣ.

      Азбаски тарбияи ватандӯстии хонандагон ҷараёни тӯлонист ва  мақсади он давра  ба давра амалӣ мегардад, барои муайян намудани   натиҷанокии самти  мазкури корҳои тарбиявӣ истифодаи муносибати  дараҷагӣ мувофиқи мақсад аст.  Ба маънои фалсафӣ дараҷа чун муносибати ягон зинаи баланд ё пасти инкишофи сохторҳои объект ё ҷараёни муайян баррасӣ мегардад. Дар таҳқиқотҳои педагогӣ зери мафҳуми маърифатнокӣ «дараҷаи дар мактаббачагон тасвиятёбии сифатҳои муҳимтарини шахсият тибқи имкониятҳои синну соли он, ки нишондиҳандаи маърифатнокӣ мебошад, фаҳмида мешавад [7, с.48]. Барои муайянкунии объективонаи сатҳи маърифатнокии  педагогӣ бояд дар бораи маърифатнокии «идеалӣ» тасаввурот  дошта бошем. Бо ин маърифатнокии рафтори воқеӣ ва муносибати хонандагонро қиёс карда, дар бораи маърифатнокии воқеии хонандагон,  муайян кардани  сатҳи он  ва самаранокии тарбия хулоса баровардан мумкин аст.

       Дар асоси меъёрҳои дар боло зикршуда сатҳҳои маърифатнокии ватандӯстии хонандагон чунин ҷудо карда мешаванд:

      -хеле баланд бо он тавсиф мегардад, ки тарбиягиранда таърихи мамлакати худро хуб медонаду мафҳумҳои ватандӯстиро дуруст мефаҳмад,  дар фаъолияти ватандӯстӣ ҳар вақт ширкат меварзад, ташаббускори аксари корҳои ҷамъиятӣ  мебошаду фаъолияти  ӯ аҳамияти  иҷтимоӣ пайдо мекунад;

      -сатҳи баланд дониши хуби маводи воқеиро дар бораи таърихи Ватан,  фаҳмиши дурусти  мафҳумҳои ватандӯстӣ, иштироки мунтазам дар фаъолияти  ватандӯстӣ,  зуҳуроти эҷодии ташаббускорӣ  дар ташкили  корҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро  дар назар дорад. Ҳавасмандӣ ба иштирок дар фаъолияти муфиди иҷтимоӣ чун  уҳдадорӣ  дар назди  коллектив дарк карда мешавад;

-сатҳи миёна, хонандагон фикрҳои алоҳидаро медонанд, мафҳумҳои ватандӯстиро аниқ намефаҳмонанд, дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ  одатан ширкат меварзанд, аммо ҳеҷ гоҳ худ ташаббускори корҳои  ҷамъиятӣ намебошанд, сабабҳои иштирок-шавқу рағбати онҳо мебошад;

-сатҳи паст, тарбиятгиранда ҳодисаву воқеаҳои таърихии Ватанро хуб намедонад. Мафҳумҳои ватандӯстиро нодуруст мефаҳмад; дар корҳои муфиди ҷамъиятӣ хело кам иштирок мекунад; ҳеҷ гоҳ ташаббус зоҳир наменамояд; сабаби иштирок дар кор ғайриихтиёр ва манфӣ мебошад (ба мисли маҷбуркунӣ ва ғ).

-сатҳи хело паст маънои онро дорад, ки донишҳои ватандӯстиро  надораду мафҳумҳои ватандӯстиро фаҳмонида наметавонад; дар кори муфиди ҷамъиятӣ-ватандӯстӣ ширкат намеварзад.

      Сатҳои ҷудокардашудаи маърифатнокии ватандӯстӣ шартӣ мебошанд ва метавонанд тағйир ёбанд,чунки миқдори сатҳҳо ва саҳеҳии маълумот дар бораи маърифатнокии ватандӯстӣ аз ҳамдигар вобастаанд. Аммо миқдори калони сатҳҳо муайяну арзёбии ҷараёни натиҷанокии тарбияи ватандӯстиро метавонад мушкил созад. Умуман, сатҳу меъёрҳои пешниҳодгардида гуногунии тамоми вариантҳоро нишон намедиҳанд ва танҳо кӯшиши ҳалли масъалаи муаянкунии натиҷанокии ҷараёни тарбияи ватандӯстии хонандагон мебошад.

      Як қатор муҳақиқони муосир дар тарбияи ватандӯстӣ самтҳои дигарро низ, ки дар сатҳи мушаххас ҷойгиранд, ҷудо мекунанд, яъне «мафҳумҳои маҳдуд»: тоҷикӣ , миллӣ ва ғайра.

      Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои муҳимтарин ва асосие  ҳисоб меёбад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти инсон, давлату ҷомеа хос буда, ҳолати муҳимтарини маънавии шахсият шуморида мешавад ва сатҳи баланди рушди онро тавсиф мекунад.

Тарбияи ватандӯстии хонандагон бо сатҳи баланди рушди иҷтимоӣ-ахлоқии шахсият алоқаманд аст. Дар ин марҳилаи рушд шахсият тақдири худро бо тадқири Ватан як медонад ва як қисми ҷомеа мегардад, ки он дар ягонагии ҳисиёт, ақидаҳо, мақсад ва амалҳои онҳо баҳри беҳбудии Ватан зоҳир мегардад. Тарбияи ватандӯстии хонандагон ташаккули маҷмуи сифатҳои мусбии шахсиятро дар назар дорад, асоси ин рушдро ҷузъҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ- маданӣ ташкил мекунанд. Он дар ягонагии азхудкунии ахлоқии таърих ва фарҳанги  халқ, иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир, шаҳрвандияти баланд ва фаъолнокии шахсият, ки алоқаи ногусастании худро бо Ватан дарк мекунад, зоҳир мегардад.

Муқаррароти асосии тарбияи шахсият, пеш аз ҳама  тарбияи ватандӯстии  шахси хушахлоқро, ки ба арзишҳои миллӣ тамоюл дорад, ба онҳо арҷ мегузорад, алокаманд менамоянд.

 Бояд қайд кард, ки дар синни калони мактабӣ ҷараёнҳои мустақилияти ахлоқии шахсият, инкишофи ҷисмониву руҳӣ  воридшавии пайдарпай ба ҳаёти ҷомеа ва худмуайянкунӣ  дар он, мутобиқшавии психологӣ-иҷтимоӣ аҳамияти асосиро касб мекунанд. Механизмҳои рушди шахсият дар ин давра ба куллӣ тағйир меёбанд: омодагии назариявӣ дар соҳаи фанҳои  табиӣ ва гуманитарӣ  ба мадди аввал  мебарояд,  ҳамгироии донишҳо  дар манзараи ягонаи олам, худтанзимкунӣ, қабули қарор дар вақти интихоб руй медиҳад. [6, с.44].

Ҳоло вазифаҳои тарбиятдиҳандагон-оила, мактаб, давлат ва институтҳои шаҳрвандии ҷомеа хело мураккаб мегарданд. Як худи «мобилӣ» ба тарбиятгирандагонамон он қадар иттилои мусбиву манфӣ медиҳад, ки баробари даҳҳо осори мунтахаб аст. Дар Интернет ҳам онҳо соатҳо вақти худро барҳадар медиҳанд ва ё ба гуфте «мешинанд». Адабиёт, таърих, риёзӣ, физика-ҳама чизи мактабӣ ва ҳатто маълумоти олӣ, ки натанҳо маркази олами ботинӣ, балки тамоми мазмуни онро ташкил медод, дар фазои нави беҳудуди иттилооти сифатан ва миқдоран баногоҳ беқадр гардид. Дар чунин шароит ҷалби донишомӯзон ба фазои анъанавии омӯзиш басо душвор аст. Вазъи босуръати ҷаҳонишавӣ ва омезиши фарҳангҳо бешубҳа ба эҳсоси ватандӯстии насли нав латма мезанад. Бо вуҷуди ҳамаи ин давлат ва кормандони сершумори муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъияти ва эҷодӣ, ҳама масъулони тарбияи ватандӯстии ҷавонон нигаронанд, ки дар ин вазъияти хело мураккаби руҳӣ чӣ гуна субъекти тарбия бояд фаъол гардад.

АДАБИЁТ:

  1. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006. – С. 20.
  2. Марьенко И.С. Воспитание советского патриотизма у учащихся среднего школьного возраста во внеклассной работе: Дис.. канд. пед.н аук. -М., 1950. – 18с.
  3. Рахмонов Э. Ш. Молодежь – будущее нации / Э. Ш. Рахмонов. – Душанбе: Ирфон, 1998.-96 с.
  4. Рахмонов Э. Ш. Патриотизм и национальное самосознание. – Душанбе, 1999.-100 с. (на тадж.яз.).
  5. Рахмонов Э. Ш. Таджики и зеркале истории / Э.Ш.Рахмонов.- Душанбе: Ирфон, 1996.-70 с.
  6. Сухомлинский В.А. Методика воспитания коллектива. – М., 1981. – 185 с
  7. Терентий М.А. Теория и практика патриотического и интернационального воспитания подрастающего поколения. – Кишинев: Стипница, 1978.

МАЗМУН ВА ХУСУСИЯТҲОИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ  ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ ТАВАССУТИ ФАНҲОИ ТАЪРИХУ КИШВАРШИНОСӢ

Дар мақолаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир  масъалаи мазмун ва хусусиятҳои тарбияи ватандӯстии  хонандагони синфҳои болоӣ тавассути фанҳои таъриху кишваршиносӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Муаллифи мақола масъалаи матраҳшавандаро таҳлил намуда, ба хулосае омадаанд, ки тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимии  муосир ба ҳисоб мерафт, зеро айёми кӯдакӣ ва наврасӣ барои бедор намудани ҳисси муқаддаси меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан яке аз марҳилаҳои муҳимии зиндагии инсонҳо   ба ҳисоб меравад.

КАЛИДВОЖАҲО: тарбияи ватандӯстӣ, педагогика, ҷомеа, насли наврас, Ватан, миллат, тоҷик.

Маълумот дар бораи муаллиф: Саиднуриддинзода Ањлиддин Саиднуриддин – омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. Тел.: 918484048. e-mail: ahliddin2009@mail.ru

СОДЕРЖАНИЕ И ОСОБЕННОСТИ ПАТРИОТИЧЕСКОГО ВОСПИТАНИЯ СТАРШЕКЛАССНИКОВ С ПОМОЩЬЮ ИСТОРИКО-КРАЕВЕДЧЕСКИХ ДИСЦИПЛИН

В данной статье анализируется один из важных вопросов современного общества-вопрос о содержании и особенностях патриотического воспитания старшеклассников с помощью предметов истории и страноведения.

Автор статьи, проанализировав поднимаемый вопрос, приходит к выводу, что именно патриотическое воспитание является целью и источником нравственно – этических принципов, которые в важные моменты жизни человека обеспечивают его правильное и сознательное мышление, речь, поведение и отношения.

 КЛЮЧЕВЫЕ СЛОВА: патриотическое воспитание, педагогика, общество, молодое поколение, Родина, нация, таджик.

Сведения об авторах: Саиднуриддинзода Ахлиддин Саиднуриддин  -преподаватель кафедры истории таджикского народа Бохтарского государственного университета имени Носира Хусрава. Тел.: 918484048. e-mail: ahliddin2009@mail.ru

THE CONTENT AND FEATURES OF PATRIOTIC EDUCATION OF HIGH SCHOOL STUDENTS WITH THE HELP OF LOCAL HISTORY DISCIPLINES

This article analyzes one of the important issues of modern society -the question of the content and features of patriotic education of high school students with the help of subjects of history and regional studies. The author of the article, having analyzed the issue raised, comes to the conclusion that it is patriotic education that is the goal and source of moral and ethical principles that ensure correct and conscious thinking, speech, behavior and attitudes at important moments in a person’s life.

KEYWORDS: patriotic education, pedagogy, society, the younger generation, Homeland, nation, Tajik.

 Information about the authors:  Saidnuriddinzoda Ahliddin Saidnuriddin is a teacher of department of history of the Tajik people of the Bokhtarsky state university of Nassir Husrava. Ph.: 918484048. e-mail: ahliddin2009@mail.ru

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top