ДУШАНБЕ, 01.02.2026. Соли равон дар ноҳияи Восеъ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад.
Чаро маҳз дар ноҳияи Восеъ ин чорабинии байналмилалӣ баргузор мешавад? Яке аз мавзеъҳои асосии Хутали қадим маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» пасмондаҳои қасри пойтахти Хутали қадим мебошад. Ин қалъаи бостонӣ таърихи чандинҳазорсола дошта, дар ҳудуди ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир аст.
Дар Симпозиуми байналмилалӣ таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун иштирок намуда, дар доираи он доир гардидани якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар дошта шудааст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки бозёфтҳое, ки аз девор мусаввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намуна аз хати забони тоҷикӣ мебошанд. Дар симпозиуми мазкур дар ин мавзуъ аз ҷониби коршиносон маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Хутали қадим бо фарогирии 11 (ёздаҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзартеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш) ва шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Тавре иброз доштем, яке аз мавзеъҳои асосии Хутали қадим маҷмааи бостоншиносии «Қалъаи Хулбук» маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, имрӯзҳо дар шаҳристони Ҳулбук ковишҳои бостоншиносӣ идома дошта, садҳо ашёи гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили пораҳои зарфҳои шишагӣ, зарфҳои сафолии ороишӣ ва оддӣ, хиштҳои гуногунандоза, ҳалқаҳои мисию биринҷӣ, мехҳои оҳанину мисӣ, ҳайкалчаи баррача ва осори фаъолияти ҳунармандон дар коргоҳҳои қадимӣ, ба монанди маъдангудозӣ, шишасозӣ, хиштпазӣ ва кулолгарӣ пайдо карда шудаанд.
«Шаҳри асримиёнагии Ҳулбук-ҳамчун объекти афзалиятдоштаи таърихию фарҳангии дараҷаи байналмилалӣ дар конфронси «Рушди ҳамкорӣ, коркарди лоиҳаҳои якҷоя дар доираи ҳамкории фарҳангӣ» дар шаҳри Москва эътироф гардид»,-гуфт Шералӣ Хоҷазода.
Қасри Шоҳони Хатлон, шаҳристони Ҳулбук, мақбараи шоҳони Хатлон, ҳаммомҳои асримиёнагии Ҳулбук, инчунин осорхонаи Ҳулбук имрӯз яке аз марказҳои бонуфузи сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар Осорхонаи қалъа ёдгориҳои таърихӣ ва осори гаронбаҳои бозёфтшуда ба намоиш гузошта шудаанд.



