Мақбараи орифи шаҳир Абулқосими Гургонӣ дар маркази деҳаи Урметан , 40 км ғарбии маркази ноҳияи Айнӣ ҷой гирифтааст. Он мансуби асри Xll буда, аз як ҳучраи хурд иборат аст. Соли 2003 мақбара бо хишти пухта бозсозӣ гардид. Дар назди мақбара маcҷиди ҳамноми он ҷой гирифтааст, ки мансуби асри XVlll мебошад.



