Қалаъи Муғ дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар резишгоҳи рӯди Қум ҷой гирифтааст. Қалъа аз ҷануб ба шимол бо дарозии 18м ва паҳноии 16м тул кашидааст. Деворҳо аз санг ва гил сохта шудаанд, Аз шимол ба қалъа ҳавлии 40х23х65м пайваст аст. Қалъа бо он машҳур аст, ки мувофиқи ахбори муаррих Табарӣ дар асри VIII ҳокими Суғд Диваштич ба арабҳо асир афтодааст. Дар солҳои 30-юми асри ХХ аз вайронаҳои он ҳуҷҷатҳои машҳури суғдӣ кашф гардид.



