ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 17.04.2026. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ (18 апрел) бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 апрел дар якчанд мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад

Дар доираи ин тадбир саёҳати наврасону ҷавонон, хонандагон ва донишҷӯён ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии мамлакат ташкил карда мешавад.

Мақсади баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстию забоипарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад.

Рӯзи дарҳои боз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи таърихии қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан», Муассисаи давлатии «Осорхона– мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ», Муассисаи давлатии «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм», Муассисаи давлатии «Осорхона–мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук», Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи илмию истеҳсолӣ ва таъмиру истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва зебоидӯстиву забоипарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат зиёда аз 100 ёдгории таърихию фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «дар замони муосир, махсусан дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, танҳо тавассути амиқ омӯхтани таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ба таъсири харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ истодагарӣ кардан имконпазир мебошад.

Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдоми шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top