КОНФЕРЕНСИЯИ  НАЗАРИЯВӢ ЗЕРИ УНВОНИ  “ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ”

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ  таҳти унвони «Истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ» баргузор гардид.

Зимни сухани табрикотии Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Хоҷазода Шералӣ Раҷаб бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» иброз намуданд, ки ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ арзишҳои муҳими ҳаёти зеҳнии халқи тоҷик ба шумор рафта, ҳифз, эҳё ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онҳо ояндаи боэътимоди давлатро таъмин менамояд.

Дар Конеференсия доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Маркази илмӣ-тадқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифзода Ҷамолиддин дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ», доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав -Наботов Файзиддин дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихии миллати тоҷик» ва номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоинбеков Фируз дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлол» маъруза намуданд.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top