Бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии кишвар, дар ҳудуди Маҷмааи мазкур корҳои бостоншиносӣ оғоз гардиданд. Ин тадбир аз ҷониби Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав амалӣ карда мешавад.
Қаблан дар ҷараёни корҳои ҳафриётӣ мутахассисон ва донишҷӯёни бахши таърих бо истифода аз усулҳои муосири илмӣ ба таҳқиқи қабатҳои фарҳангии ёдгорӣ машғул гардида, аллакай як қатор бозёфтҳои арзишманди таърихӣ ба даст оварда шудаанд. Аз ҷумла, ашёи гуногуни давраҳои таърихӣ, намунаҳои зарфҳои сафолӣ, сиккаҳо ва ҳатто боқимондаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ кашф гардидаанд, ки барои омӯзиши ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолии қадим аҳамияти муҳим доранд.
Ҷалби донишҷӯён ба чунин корҳои амалӣ ҳамчун таҷрибаомӯзӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии онҳо мусоидат мекунад, балки барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи ҳифзи мероси миллӣ заминаи мусоид фароҳам мегузорад
Маҷмааи таърихӣ – ягона ёдгории муҳими таърихию бостонии минтақа, тибқи маълумоти бостоншиносӣ, ба давраҳои аввали асрҳои миёна тааллуқ дошта, дар гузашта маркази муҳими маъмурӣ ва мудофиавӣ ба шумор мерафт.
Гузаронидани чунин корҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ барои эҳё ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии миллӣ, инчунин муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти бузург дорад.






