Қалъаи Бешкент дар канори ҷануби шарқии деҳаи ҳамном ноҳияи Носири Хусрав воқеъ шудааст. Он дар болои теппаи маснуъ начандон дуртар аз Чилучорчашма қарор дорад. Тарҳи он росткуҷа бо ҳаҷми 100 х 50 м мебошад. Дар дохили арк харобаҳои толор ва дигар иморатҳои истиқомативу анҷомхона дида мешаванд, ки бо арақа кандакорӣ шудаанд. Деворҳои беруна низ кандакорӣ шудаанд Санагузорӣ: ба қарнҳои VII-III пеш аз милод, II пеш аз милод – IV милодӣ, XV-XX милодӣ мансуб аст.



