Апрель 27, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 26 апрел дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз ғолибони фестивал дар номинатсияи «Гулгашт ва хиёбони беҳтарин» директори Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор» Сайфиддин Файзиддинов суҳбат намуд, ки манзури хонандагон мегардад.
Сайфиддин Файзиддинов иброз дошт, ки дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи хоса баргузор гардидани Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» собит намуд, ки тоҷикон аз қадимулайём гулпарвар буда, ба зебоиву зебопарастӣ, ободиву созандагӣ таваҷҷуҳ дошта, дар парвариш ва зебогардонии муҳити атроф таҷрибаи бой доранд.
«Лола гули писандидаи халқи тоҷик аст. Бо вуҷуди оне, ки ин гул умри кутоҳ дорад, ба хотири зебову дилрабоияш онро дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат парвариш мекунанд. Нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Занони ҳунарманди мо аз қадим дар дӯхтани чакан ба ин гул афзалият медоданд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои Сайфиддин Файзиддинов, дар доираи ин Фестивал ва бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» барои сарсабзу хуррам гардонидани Ватан тадбирҳои зарурӣ меандешад.
«Дар ҳудуди муассиса 200 адад гули лола, инчунин 140 бех арча, 100 бех павлония ва 150 бех ниҳолҳои себ, хурмо, биҳӣ, ангур, олуча ва зардолу, дар умум 390 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шудаанд», -афзуд ғолиби фестивал.
Ба андешаи Сайфиддин Файзиддинов «баргузории фестивал дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Зеро гулҳои рангоранги лола имрӯз сайёҳони дохилию хориҷиро бо зебогиву тароваташон мафтун месозанд».
Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқае аст, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҳаштум аст, ки дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс),
АМИТ «Ховар»


