АҶИНАТЕППА

Дайри буддоии Аҷинатеппа дар ҳудуди деҳаи Эшмуродов, дар масофаи 12 км дуртар аз самти шарқии ш. Қурғонтеппа воқеъ аст. Аз рӯйи нақша дайр шакли росткунҷа дорад: 100 х 50 м. Он аз ду қисм иборат буда, дар маркази ҳар яке ҳавлии мураббаъи бо иморатҳо иҳоташуда вуҷуд дошт. Ҳадди аксари андозаи ступа аз таҳкурсӣ 28 м ва баландии он 6 м мебошад. Деворҳо нақшунигор шуда буданд. Дар болои суффаҳои назди деворҳо ва тоқҳо муҷассамаҳо қарор  доштанд. Дар роҳрав болои суффаи ҳамвор муҷассамаи Буддо дар ҳолати нирвон хобида буд. Санагузорӣ: ба қарнҳои VII – VIII мелодӣ мансуб аст.

Leave a Comment

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Scroll to Top